wrapper

  Ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши забон дар рушди миллат» конференсияи имлӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия олимону забоншиносон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ иштирок намудаанд. Муовини якуми директори Агенетии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсанд Содиқзода бо сухани ифтитоҳӣ ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшид. Сипас, аз ҷониби забоншиносону иштирокдорон дар васфи забони давлатӣ маърузаҳо ироа карда шуд.

  Баромадкунандагон зимни суханронӣ, пеш аз ҳама, аз рушди забони давлатӣ дар замони истиқлол, нақши Пешвои миллат дар рушду нумуи забони давлатӣ, таърихи ташаккули забони тоҷикӣ дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ, хидмати олимон ба нобиғаҳои таърихӣ вобаста ба нигоҳдории тозагии забони тоҷикӣ ёдовар шуданд.

   Ба иштирокчиёни конференсия филми видеоии “Забон бақои миллат аст”, ки аз нақши созгори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ нақл мекунад, намоиш дода шуд.

 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35